Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Столтенберг: "Мо намехоҳем Русияро дар инзивоъ қарор диҳем"


Белгия - Дабири кулли НАТО Йенс Столенберг дар мулоқоти вазирони дифои узви паймон. Брюссел. 15 феврали соли 2017.
Белгия - Дабири кулли НАТО Йенс Столенберг дар мулоқоти вазирони дифои узви паймон. Брюссел. 15 феврали соли 2017.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, рӯзи 16 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Брюссел ба зарурати муколама бо Русия ва "боздорандагии қобили эътимод" таъкид кард. Ӯ гуфт, ки НАТО корро бар сари муколама бо Русия идома медиҳад.

"Мо намехоҳем Русияро дар инзиво қарор диҳем. Мо боз як ҷанги сарди дигарро намехоҳем, аммо муколамаи мо бо Русия бояд бар пояи эҳтироми якпорчагии ҳамаи кишварҳои Аврупо бо шумули Украина бошад", - таъкид кард Столенберг.

Дабири кулли НАТО дар идома гуфт, ки Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ барои шумораи нерӯҳо ва танку ҳавопаймо дар ҳоли мусобиқа бо Русия нест. Баръакс, ба гуфтаи ӯ, ҳадафи онҳо аз байн бурдани низоъ аст, на таҳрик додани он. Йенс Столтенберг аз ҷойгир кардани нерӯҳои нави НАТО дар Эстония, Латвия ва Литваву Лаҳистон низ хабар дод.

Муносибати Русия ва НАТО баъди ишғоли Қрим аз тарафи Русия ва ҳимояти Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина бо шикаст рӯ ба рӯ шуд.

XS
SM
MD
LG