Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як зан бо гумони куштори Ким Чен Нам дар Малайзия


Кореяи Шимолӣ - Ким Чен Нам (аз чап) Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ (аз рост) .

Мақомоти Малайзия дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаикуштори бародари ҳамхуни Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, як занро дар Мянма боздошт карданд. Дар ин бора Reuters 15 феврал бо такя ба манбаҳои хабаргузории Давлатии Bernama гузориш дод.

Ин зан дар терминали фурӯдгоҳи байналмилалии Куала Лумпур боздошт шудааст. Ҷузъиёти дигар хабар дар дастрас нест.

Ким Чен Нам -- писари раҳбари пешини Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир, рӯзи 14 феврал дар фурудгоҳи Куала-Лумпур заҳролуд ва дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд. Ӯ дар гузашта аз бародари хурдии худ хоҳиш карда буд, ки даъвои қудрат надорад ва ба ӯ ва аҳли оилааш осеб нарасонад. Соли 2012 Ким Чен Нам ба раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо ин дархост нома фиристода буд.

Дар ин бора раиси Хадамоти махфии Кореяи Ҷанубӣ Ли Бён Хо ба вакилони порлумони кишвараш хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Ким Чен Нам додари модарҷудояшро, ки дар Кореяи Шимолӣ ба қудрат расид, огоҳ намуд, ки вай ва фарзандонаш талабгори қудрат нестанд ва танҳо мехоҳанд, дар хориҷа ором ба сар баранд.

Намояндаи Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ҳамсари собиқи Ким Чен Нам дар Пекин зиндагӣ мекунад ва ҳамсари дувумаш бо кӯдакон дар Макао. Мақомоти Чин амнияти ҳамаи онҳоро таъмин мекунанд. Раиси хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ афзуд, Нам ҳаргиз аз Сеул паногоҳи сиёсӣ нахоста, чунин пешниҳоди дӯстонаро рад кардааст.

Гуфта мешавад, ки Пхенян панҷ соли охир, аз замони ба қудрат расидани бародараш, Намро ҳадаф гирифта буд, вале муҳофизоне, ки Чин барояш дода буд, амнияти ӯро таъмин мекарданд. Дар фурудгоҳи Куала-Лумпур "шароити муносиб" пеш омад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG