Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев пас аз Русия ба Қазоқистон хоҳад рафт


Узбакистон - Президент Шавкат Мирзиёев дар фурӯдгоҳи Тошканд бо раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот кард.
Узбакистон - Президент Шавкат Мирзиёев дар фурӯдгоҳи Тошканд бо раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот кард.

Сафари давлатии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон бо даъвати хоси раҳбари ин кишвар Нурсултон Назарбоев сурат хоҳад гирифт.

Сафорати Қазоқистон дар Тошканд гуфтааст, дар ин сафар маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши онҳо баррасӣ хоҳад шуд. То сафари расмии раҳбари Узбакистон ба Остона як силсила дидору гуфтугӯҳои дуҷониба тарҳрезӣ шудаанд.

Аз ҷумла, қарор аст, ба зудӣ ҳайати Вазорати тозаташкили ҳамкориҳои дифоӣ ва ҳарбию техникии Қазоқистон аз Тошканд дидан кунад. Илова ба ин, мулоқоти ҳайатҳои шабакаҳои миллии роҳи оҳани ду кишвар низ дар назар аст.

Пештар хабар дода мешуд, ки аввалин сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба ҳайси раиси ҷумҳури Узбакистон ба Русия хоҳад буд. Ниҳодҳои давлатии Узбакистон ба таҳияи заминаҳои ин сафар шурӯъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG