Пайвандҳои дастрасӣ

Далелҳои Вазорати адлияи ИМА барои исботи хатари муҳоҷирон


ИМА - Паноҳандаи суриягӣ Бара Ҳаҷ Халаф бо бародараш Муҳаммад ва ҳамсараш Абдулмаҷид дар фурӯдгоҳи байналмилалии O'Hare. 7 феврали соли 2017.

Вазорати адлияи ИМА ба ҷонибдорӣ аз фармони президент Доналд Трамп, ки вуруди муҳоҷиронро ба Амрико аз як қатор кишварҳои мусулмоннишин манъ мекунад, далелҳоро пешниҳод кард.

Ба огаҳии Кумитаи ҳуқуқи Сенат, сар аз 11 сентябри соли 2001 аз 7 кишваре, ки Трамп вуруди шаҳрвандони онҳоро ба ИМА манъ кардааст, 72 муҳоҷир бо айбҳои гуногуни дорои хусусияти терроризм зиндонӣ шудаанд.

Бархеи онҳо бо ҷиноятҳои нисбатан сабук, аз ҷумла тақаллуби аснод муҷозот шуда, беш аз 30 танашон дасти кам се сол аз озодӣ маҳрум гаштаанд.

Ҳамчунин миёни далелҳо ба ҳамлаи ахири донишгоҳи Оҳайо, ки дар натиҷаи он муҳоҷире аз Сомалаӣ моҳи ноябри соли 2016 чанд донишҷӯро захмӣ кард, ишора шудааст.

Додраси федеролӣ Ҷеймс Робарт ахиран иҷрои фармони Трампро, ки вуруди шаҳрвандони Эрон, Ироқ, Либия, Яман, Сомалӣ, Судон ва Сурияро ба ИМА муваққатан манъ мекард, боздошт. Додгоҳи баррасии шикоятҳо низ қарори додрасро бетағйир гузошта, гуфт, Кохи сафед даст доштани муҳоҷирон ва гурезаҳои ин кишварҳоро дар терроризм исбот накард.

Аз 3 то 11 феврали соли равон 1 ҳазору 462 гуреза ба ИМА ворид шудаанд, ки 1049 ё 72%-и онҳоро шаҳрвандони Эрон, Ироқ, Либия, Яман, Сомалӣ, Судон ва Сурия ташкил медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG