Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар масъалаи Сурия хоҳони ҳамкори бо ИМА шуд


Русия - Вазири хориҷӣ Сергей Лавров ҳангоми сӯҳбат бо мухолифини Сурия дар Маскав. 27 январи соли 2017.
Русия - Вазири хориҷӣ Сергей Лавров ҳангоми сӯҳбат бо мухолифини Сурия дар Маскав. 27 январи соли 2017.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳори умед кард, ки равобити Маскаву Вашингтон дар масъалаи Сурия, бо маъмурияти Доналд Трам наздиктар бошад.

Лавров рӯзи ҷумъаи гузашта, дар остонаи ду нишаст дар Олмон, ки имкони мулоқоти як ба яки ӯро бо Рекс Тиллерсон, Котиби давлатии Амрико фароҳам мекунад, дар ин бора сӯҳбат кард.

Дар масъалаи Сурия, бо назардошти мавқеи маъмурияти президент Трамп, ки терроризмро шарри мутлақ мемедонад, Русия ба эҷоди равобити наздиктар бо Амрико манфиатдор аст, гуфт Сергей Лавров.

Ҳарду, Трамп ва Путин ба ҳамкории наздиктар дар мубориза бо теророризм ва гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" даъват кардаанд. Ба гуфтаи Кремлин ва Кохи Сафед ин мавзуъ аз мавзуҳои умда дар ҷараёни гуфтугӯи телефонии рӯзи 29 январ дар байни ду раҳбар буд.

Аммо то ҳол ҷузъиёти ин дар баҳсҳои умумӣ хеле кам матраҳ шудааст.

Лавров гуфт, ки марҳилаи баъдии музокироти сулҳи Сурия,таҳти назари Русия, Туркия ва Эрон, 15-16 феврал дар Остона баргузор мешавад.

Дар ҷараёни низои шашсолаи Сурия, ки ҳудудан 300 ҳазор нафарро кушта бар ҷо гузошт, Русия ин кишварро бо пуштибонии дипломатӣ ва низомӣ таъмин кардааст

XS
SM
MD
LG