Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Олмон раиси ҷумҳури нав интихоб карданд


Франк-Волтер Штейнмайер

Франк-Волтер Штейнмайер, вазири собиқи умури хориҷии Олмон, раиси ҷумҳури нави ин кишвар интихоб шуд. Маҷмаи порлумонии Олмон, як ниҳоде, ки аз қонунгузорон ва аз намояндагони бонуфузи вилоятҳо таъсис ёфтааст, рӯзи 12-уми феврал дар раъйдиҳии пинҳонӣ сиёсатмадори 61-сола аз Ҳизби Сотсиал Демократи Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро раиси ҷумҳур баргузиданд.

Маҷмаи порлумонии Олмон 1200 аъзо дорад. Штейнмайер моҳи оянда ба ҷойи Йоахим Гаук, рӯҳонии собиқ ва ҳомии ҳуқуқи инсон ба курсии раиси ҷумҳур менишинад, чун давраи панҷсолаи президентии ӯ ба поён мерасад. Дар Олмон раиси ҷумҳур як мақоми рамзӣ аст ва салоҳиятҳои зиёде надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG