Пайвандҳои дастрасӣ

Бори аввал дар 20 сол театри Уш ба Ӯзбакистон сафар мекунад


Ҳунарпешагони ӯзбактабори Қирғизистон бори аввал дар 20 соли охир дар Ӯзбакистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд. Ҳайати эҷодии театри ба номи Бобури шаҳри Уши Қирғизистон ба сафари Андиҷон, Намагон ва Фарғона баромаданд. Онҳо ба бинандагони худ намоиши «Айкол Манас»-ро пешкаш хоҳанд кард.

Мудири театр Набиҷон Мамадҷонов хабар дод, ки ин ҳайат аз 46 ҳунарпеша иборат аст. Ҳамаи харҷи сафари ҳунариро тарафи Ӯзбекистон пардохт мекунад.

Ёдрас мешавем, муносибатҳои миёни Қирғизистон ва Ӯзбакистон сар аз тирамоҳи соли 2016 рӯ ба беҳбуд овард. Ҳайати ҳукуматии Қирғизистон ба Ӯзбекистон сафар кард ва баъд аз муддате чунин ҳайати расмии Тошканд аз Бишкек ва Уши Қирғизистон дидан намуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG