Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар гирди манораи Эйфел девори шишагӣ хоҳанд сохт


Шаҳрдории Париж нақша дорад, дар гирди бурҷи Эйфел деворе аз шишаи тирногузар бино кунад. Намояндаи шаҳрдорӣ ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки ҳадафи он ҳимояи бурҷ аз ҳамлаи эҳтимолии террористон аст.

Девори шишагии тирногузар дар атрофи манора қарор аст, дуним метр баландӣ дошта бошад. Барои сохтани он 20 миллион евро сарф хоҳад шуд. Ин тарҳро акнун бояд кумиссюни махсус ва вазоратии муҳити зист тасдиқ кунанд. Сохтмон бояд тирамоҳи имсол ба поён расад.

Ҳоло дар атрофи бурҷ садди оҳанине мавҷуд аст, ки моҳи июни соли гузашта дар арафаи бозиҳои футболи Ҷоми Аврупо сохта шуд. Бо вуҷуди чунин чораи эҳтиётӣ мухлисони футбол дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ қатори пулисро рахна карда, аз ин девор гузашта буданд.

Тарҳи нав инчунин баъзе аз роҳҳои вуруд ба атрофи манораро куллан мебандад ва масири раҳгузаронро иваз мекунад. Муовини шаҳрдори Париж дар умури ҷаҳонгардӣ Жан-Франсуа Мартинс гуфтааст, дар ҳоли ҳозир бо муҳимтарин меъморони Фаронса машварат мешавад, то тарҳи нав ба муҳити шаҳр созгор бошад.

Ҳар сол на камтар аз 7 миллион нафар аз саросари ҷаҳон ба тамошои манорае меоянд, ки 324 метр баландӣ дорад. Моҳи ноябри соли 2015 дар ҳамлаҳои террористии Париж зиёда аз 130 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG