Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ямал" кай ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад -- март ё июл?


Мақомоти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи ирсоли ҳуҷҷатҳои зарурии ширкати ҳавоии русии “Ямал” барои дарёфти иҷозаи парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро рад карданд. Юсуф Раҳмон, раиси бахши ҳавонавардии вазорати нақлиёти Тоҷикистон 9 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз ҳеҷ дархосте аз ширкати "Ямал" ба онҳо нарасидааст. Вай афзуд, ки "тибқи созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия, ширкати "Ямал" метавонад аз моҳи июл парвозҳо ба Тоҷикистонро анҷом диҳад. Агар дархости онҳо ба мо ирсол шавад, коршиносони тоҷик мавзӯи арзиши билетҳои парвози ин ширкат ва дигар мушахассотро баррасӣ карда, сипас тасмими худро эълон мекунад".

Аммо, хабаргузории РИА Новости аз қавли Андрей Дубров, мудири тиҷоратии ширкати ҳавоии “Ямал” навиштааст, ки ахиран ҳуҷҷатҳои ин ширкат ба мақомоти Тоҷикистон ирсол шудааст. Вай гуфтааст, ки онҳо тасмим доранд аз 27 моҳи март парвозҳо ба шаҳрҳҳои Тоҷикистонро аз фурудгоҳи "Жуковский" дар наздикии Москваро оғоз кунанд. Ба иддаои ҷаноби Дубров, раванди дарёфти муҷаввизи парвозҳо аз сӯи мақомот 45 рӯз идома меёбад ва ба ин хотир онҳо ҳуҷҷатҳоро зудтар таҳия карда, ба мақомоти тоҷик фиристодаанд.

Дар дидори ахири муовини нахуствазири Русия Игор Шувалов дар Душанбе бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тавофуқ шуда буд, ки аз моҳи март парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии “Сомон Эйр” ба шаҳрҳои мухталифи Русия азсар гирифта шуда ва ба парвозҳои “Ямал” низ аз фурудгоҳи Жуковский иҷоза дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки то як моҳи дигар мавсими сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия шурӯъ мешавад ва ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон асосан тавассути ҳавопаймоҳо барои дарёфти ҷойи кор озими минтақаҳои гуногуни Русия мешаванд. Қаблан гуфта мешуд, ки ширкати ҳавоии “Ямал” барои мусофирон билетҳои арзонтар аз ширкатҳои дигари ҳавоӣ пешниҳод мекунад ва ба ин хотир миёни ширкатҳо дар бозори мусофирбарии ҳавоии Тоҷикистон ихтилофҳое сар задаанд.

XS
SM
MD
LG