Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Руминия истеъфои ҳукуматро намехоҳад


Раиси ҷумҳури Румияни Клаус Йоҳаннис гуфт, ки бо тасвиби тарҳи қонун дар бораи нарм кардани ҷазо барои фасодкорӣ, ҳукумати сотсиал-демократҳо кишварро ба "бӯҳрони фарогири сиёсӣ" гирифтор кард. Дар пайи тазоҳуроти густарда дар ин кишвар, ҳукумат маҷбур шуд қонунро бозхонад. 7 феврал президенти Руминия дар муроҷиат ба ҳарду палатаи порлумон гуфт, ки ақидаи бисёр шаҳрвандони кишвар ба "сами ғалат" ҳаракат мекунад.

Йоҳаннис ҳамзамон таъкид кард, ки намехоҳад ҳукуматро бо раҳбарии нахуствазир Сорин Гриндену ба истеъфо фиристад, ё интихоботи барвақтӣ баргузор кунад. Ба гуфтаи сарвари давлат, ин тадобир мушкили аслӣ- мубориза бо фасодкориро ҳал намекунад. Йоҳаннис аз аъзои ҳукумат даъват кард, ки "тасмимҳои ҷиддӣ" бигиранд.

Тазоҳуроти зиддифасоди ҳафтаи гузашта беш аз ним миллион нафарро дар шаҳрҳои мухталифи Руминия ҷамъ овард. Теъдоди иштирокдорони эътироз дар Бухарест 300 ҳазор ҳисоб шуд.

Ҳукумат рӯзи 31-уми январ қароре қабул кард, ки бар асоси он, агар ришваи ситондаи мақомдор аз 44 ҳазору 500 доллар зиёд бошад, ӯ зиндонӣ мешавад. Дар сурати камтар будани ҳаҷми ришва, гунаҳкорро ҷарима мекунанд. Ҳукумат гуфтааст, ки қарори мазкур барои камтар кардани шумораи зиндониён дар маҳбасҳои пури кишвар зарур буд.

XS
SM
MD
LG