Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ду баробар бештар тонкҳои "пуфакӣ" фармоиш дод


Вазорати мудофиаи Русия дар соли 2016 хариди воситаҳои фиребанда ва пинҳондорандаи техникаи ҳарбиро қариб ду баробар афзоиш дод. Ин нуктаро Алексей Комаров -- сардори бахши бозорёбӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳарбии ширкати "Русбал" расонаӣ кард.

Ба гуфтаи Комаров, фармоиши чунин маҳсулот дар соли 2016 назар ба 2015 "тақрибан 80 дарсад зиёдтар шудааст". Вай таъкид кард, ки "ҳоло дар заминаи пешрафтаи илмию техникӣ абзори комилан нави пинҳонкунанда ва фиребандаи таслиҳоти муҳандисӣ тавлид мешавад".

Суроб ё макетҳои фиребанда аз колбаде иборатанд, ки бо пардаи ҳавоногузар печонида шудаанд. Онҳо намунаҳои техникаи ҳақиқиро бо тамоми ҷузъиёташон такрор мекунанд. Лошаҳо бо истифода аз технологияи муқаррарии дӯзандагӣ сохта мешаванд. Барои дӯхтани як тонки "пуфакӣ", масалан, се рӯз сарф мешавад

Ҳар суроби техникаи ҷангӣ ҳамчунин нурафканҳои ҳароратӣ ва радиоӣ, блоки энержӣ, муҳаррик ва ҷузъиёти дигар дорад. Бархе аз колбадҳо аз оҳан сохта мешаванд. Вазни суробҳои фиребанда аз 30 то 100 кило, нархи як "тонк" 20 ҳазор доллар ва маҷмуаи мушакию зиддиҳавоии С-300 тақрибан 50 ҳазор

XS
SM
MD
LG