Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия беш аз 400 нафарро дастгир кард


Пулиси Туркия дар назди кулби шабонаи Riena-и Истанбул. 1 январи соли 2017.
Пулиси Туркия дар назди кулби шабонаи Riena-и Истанбул. 1 январи соли 2017.

Пулиси Туркия дар пайи амалиёти густардае беш аз 400 нафарро ба гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) боздошт кард.

Ин амалиёт дар шаш минтақаи Туркия гузаронида шуд ва ба иттилои хабаргузории Франс Пресс, ҳангоми кофтукоб аз баъзе дастгиршудаҳо силоҳ пайдо кардаанд. Миёни гумонбарон шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд, ки аз Туркия ихроҷ хоҳанд шуд.

Мақомоти Туркия баъди ҳамлаи хунини шаби Соли нав ба клуби шабонаи "Рейна"-и Истамбул чораҳои амниятиро пурзӯр кардаанд. Масъулияти ин ҳамларо, ки 39 кушта бар ҷой гузошт, ДИ ба зимма гирифт.

Оё Туркия афроди муттаҳам бо даҳшатафканиро ба Тоҷикистон таслим мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

XS
SM
MD
LG