Рустам Хоҷаев, мутахассиси 44-солаи тоҷик, собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, сармураббии тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Вай дар ин вазифа Ҳамид Каримовро, ки ҳамагӣ ним сол дар «Хуҷанд» кор кардааст, иваз намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи футболи лигаи олии кишвар – «Хуҷанд» - бо Рустам Хоҷаев қарордод ба тасвиб расонд ва ӯ ба вазифаи нави худ рӯзи 3-юми феврал шурӯъ кард.
Ин мутахассиси пуртаҷриба солҳои мухталиф ҳамчун сармураббӣ дар дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Барқчӣ»-и Душанбе кор кардааст. Ҳоло ӯ ёвари Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, мебошад.
Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2013 беҳтарин мураббии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд. Ҳамон сол дастаи «Хайр» бо раҳбарии ӯ медалҳои биринҷии қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардидааст.
Рустам Хоҷаев, ки дорои муҷаввизи мураббии дараҷаи «А» мебошад, дар гузашта ҳамчун футболбоз ба ҷуз дастаҳои Тоҷикистон, дар бошгоҳҳои футболи Қазоқистон ва Беларус бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба дарвозаи рақибонаш чор гол задааст.