Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии эҳтимолии масъалаи масҷиди Душанбе дар Қатар (Видео)


Тарҳи масҷиде, ки бо пули Қатар дар маркази Душанбе месозанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал барои анҷоми сафари расмӣ озими Қатар шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ ҳамин рӯз хабар дод ва гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазирон умури хориҷӣ, иқтисод, вазири умури дохилӣ, тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва дигар мақомоти баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд.

Расонаҳои давлатии Қатар ҳам навиштаанд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе бо амири Қатар, Шайх Тамим бин Ҳамад Ал-Сонӣ дар бораи “ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши онҳо” гуфтӯгу мекунад. Зоҳиран такмили сохтмони нимасохтаи масҷиди азим дар маркази Душанбе, ки бо сармояи Қатар бунёд мешавад, яке аз мавзӯҳои сӯҳбати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти Қатар хоҳад буд.

Сохтмони масҷиди азиме, ки дар маркази Душанбе аст, охири соли 2011 шурӯъ шуд ва қарор буд, дар муддати 5 сол комилан мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Аммо баҳс сари тарҳу хароҷот барои, ҳаҷми маблағ ва дигар масоили ҳуқуқӣ сабаби тӯл кашидани сохтмон шудааст. Худи раиси ҷумҳур охири моҳи декабри соли 2015 бо рафти сохтмони масҷид ошно шуд.

Дар сурати такмил шудан, масҷид бузургтарин дар Осиёи Марказӣ мешавад ва танҳо дар толори асосии он 50 ҳазор нафар ҷой мегиранд. Хароҷот барои масҷид дар он замон 100 миллион доллар пешбинӣ шуд ва қарор буд, бештар аз 70 миллион доллари онро Қатар бидиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG