Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп гуфт, ки аз қарори додгоҳ норозист


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз ҳукми Додгоҳи Сиэтл дар мавриди муваққатан боздоштани иҷрои фармони ӯ башиддат интиқод кард. Додгоҳ шоми 3 феврал иҷрои фармони Трампро дар бораи манъи сафари паноҳандаҳо ва муҳоҷирон аз ҳафт кишвари мусалмоннишин ба Амрико боздошт.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 4 феврал дар паёме дар Твиттер гуфт, ин қарори додгоҳро бекор хоҳад кард. Вай дар ин паёмаш қозӣ Ҷеймс Робартро, ки дар аҳди Ҷорҷ Буш ба ин мақом расида буд, "ба ном додрас" номида ва қарорашро "хандаовар" хонд.

Президенти нави Амрико рӯзи 27 январ фармонеро имзо кард, ки вуруди мусофиронро аз Эрон, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Судон, Сурия ва Яман тайи 90 рӯз манъ мекунад. Ҳамчунин бар пояи он, қабули паноҳандагон 120 рӯз ва фирориёни суриягӣ барои муҳлати номаълум мамнӯъст.

То кунун Департаменти давлатии Амрико 60 ҳазор визаро, ки қаблан ба шаҳрвандони Эрону Ироқ, Либия, Сомали, Судон, Сурия ва Яаман дода буданд, бекор кардааст.

XS
SM
MD
LG