Пайвандҳои дастрасӣ

Тасдиқи барномаи мубориза бо терроризм аз сӯи Рустами Эмомалӣ


Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе, барномаи чорабиниҳо барои татбиқи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017-2020"-ро тасдиқ кардааст. Қарор дар ин бора охири моҳи январи имсол содир шуда, аммо нусхааш ба тозагӣ дар вебсайти ҳукумати Душанбе нашр гардид.

Муовинони раиси Душанбе, раисони чор ноҳия ва раҳбарони идораи амнияту умури дохилии пойтахт муваззаф шудаанд, ки барои иҷрои ин нақша тадбири зарурӣ андешанд. Бахши ҳуқуқии дастгоҳи ҳукумати Душанбе муваззаф шудааст, ҳар сол то 31 декабр аз натиҷаи чорабиниҳо ба Додситонии кулл гузориш диҳад.

Ҳарчанд дар қарор гуфта шудааст, ки нақшаи чорабиниҳо бар асоси замима дуруст шавад, вале дар вебсайти шаҳрдории Душанбе ин санад дастрас нест. Тоҷикистон дар соли 2016 "Стратегияи мубориза бо терроризм ва экстермизм"-ро қабул кард. Бар асоси ин дурнамо, ки аз ҷониби Додситонии кулл ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон таҳия шудааст, дар кишвар бояд Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм, таъсис ёбад.

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози моҳи январи имсол раиси шаҳри Душанбе таъин шуд ва дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Вай то ин дам ба ҳайси раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мекард. Дар гузашта раҳбари Хадамоти гумрук низ буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG