Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко: Маскав метарсад, ки Беларус ба Ғарб мегаравад


Раҳбари Беларусия, Александр Лукашенко дар маҷлиси Кумитаи аврпуоии Олимпӣ дар Минск суханронӣ мекунад. 21 октябри соли 2016

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус гуфт, равобит бо Маскав барои он сард шуд, ки онҳо аз "рафтани"-и Минск ба Ғарб метарсанд.

Ӯ рӯзи ҷумъаи 3 январ дар нишасти матбуотӣ дар Минск, Александр Бортников, раҳбари хадамоти амнияти Русия -ФСБ- ро ба ин муттаҳам кард, ки бо як қалам задан қарордоди сарҳади байнидавлатиро хат зад.

Гузашта аз ин, Лукашенко амр дод, ки алайҳи раҳбари "Россельхознадзор", Сергей Данкверт, бо иттиҳоми "зарар расонидан ба давлат" парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Охири моҳи январ ин муассиса аз вуруди маҳсулоти ду корхонаи Беларус, бо гумоне, ки онҳо гушти украиниро мефурӯшанд, ҷилавгирӣ кард.

Лукашенко ҳамчунин гуфт, ки рӯзи Беларус бе нафти Русия ҳам мегузарад. Ӯ гуфт, ки Минск коҳиши содироти нафти Русияро нақзи қарордод мешуморад ва аз рӯи ин маврид ба додгоҳ муроҷиат кард.

Рӯзи 1 феврал раҳбари ФСБ-и Русия Александр Бортников амр кард, ки дар марзи Русия бо Беларус постгоҳи марзӣ бунёд шавад. Ин дар ҳоле рух дод, ки Беларус ба сафари панҷрӯзаи бераводиди шаҳрвандони 80 кишвар ба қаламрави худ иҷозат дод. Иттиҳоди Аврпуо ва Ийолоти Муттаҳида низ ба ин 80 кишвар шомил ҳастанд.

Русия гуфтааст, ки бунёди постгоҳи марзӣ ба равуои шаҳрвандони Беларус халал намерасонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG