Дар 11 моҳи соли гузашта табодули коло дар байни Қирғизистон ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) 16,7 дарсад кам шудааст. Ин рақам замоне номбар шуд, ки ҳукумати Қирғизистон натиҷаҳои узвияти кишварро дар ИИАО ба порлумон пешниҳод кард.
Табодули коло миёни Қирғизистон ва шарики асосии тиҷоратии он -- Русия баъд аз вуруди Қирғизистон ба иттиҳод 6,1 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба гузориши ҳукумат, ин шохис аз 1,3 миллиард доллари соли 2015 то 958 миллион доллар поин омадааст. Аммо мизони тиҷорат миёни Қирғизистон ва Қазоқистон тақрибан дар сатҳи соли 2015 мондааст.
Қирғизистон 12 августи соли 2015 узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд. Русия, Қазоқистон, Беларус ва Арманистон низ аъзои ин эътилофанд. Имконияти густариши тиҷорат муҳимтарин бартарии узвияти Қирғизистон дар ИИАО номида мешуд. Мухолифони узвияти кишвар дар иттиҳод мегуфтанд, вуруд ба ИИАО барои Қирғизистон пайомадҳои манфӣ хоҳад дошт.
Муовини вазири иқтисоди Қирғизистон Элдор Абакиров вазъи феълиро ба коҳиши рушди иқтисодӣ дар Русия ва Қазоқистон бастагӣ дод. Ба гуфтаи вай, коҳиши қурби пули ин кишварҳо сабаби паст рафтани тавони харидории аҳолии онҳо шуд.