Пайвандҳои дастрасӣ

Суханҳои вакили Думаи Русия Остонаро нигарон кард


Павел Шрепов, раҳбари ширкати RosKrym

Масъулони Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар робита ба суханҳои вакили Думаи давлатӣ, ки гуфт, "аз ҳаққи ҳамватанони худ бояд дар саросари дунё, аз ҷумла дар Қазоқистон ҳимоят кунем" ба ҳамтоёни русашон муроҷиат кардаанд.

Суханҳои Павел Шперов, узви кумитаи Думаи давлатӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон 26 январ дар як мизи мудаввари порлумони Русия садо доданд.

Муовини вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ дар ин замина бо ҳамтои русаш Григорий Карасин телефонӣ суҳбат кардааст. "Ҷонибҳо тасдиқ карданд, ки муносибатҳои Остонаву Москва бар пояи қарордоди ҳусни ҳамсоядорӣ, ҳампаймонӣ ва созишномаи марзи давлатии Қазоқистону Русия роҳандозӣ шудааст", - мегӯяд ВКХ Қазоқистон.

"Дар суханҳои вакил Шперов иддаои ҳудудӣ нисбат ба Қазоқистон эҳсос мешавад ва муроҷиати ВКХ Қазоқистонро ҷониби Русия ҷиддӣ қабул кард", - меафзояд манбаъ.

Ба иттилои хабаргузори "Интерфакс", Леонид Слутский, раиси Кумитаи умури байналмилалии Дума гуфт, "Москва ҳеч гоҳ масъалаи баргардонидани заминҳои Қазоқистонро ба ҳайати Русия баррасӣ накардааст".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG