Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони тиббии Ӯзбекистон боз ба ҷамъоварии пору сафарбар шуданд


Узбакистон. Сокини деҳкада барои раҳоӣ аз сардии зимистон порӯ ҷамъоварӣ мекунад. Хоразм, декабри соли 2008.

Кормандони Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ (МДНСЭ) дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон шикоят доранд, ки аз раҳбарият дастур шудааст, то ба хонаҳои сокинони маҳаллӣ рафта, ҳаҷми поруро муайян ва рӯйхат карда, ба кишоварзон тақсим кунанд.

Як парастор аз ноҳияи Шурчии Сурхондарё мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ табибону омӯзгоронро ба неруи ройгону кормандони бидуни ихтисос табдил додаанд.

"Ба корҳои бемузд ҳамеша табибон ва омӯзгорон ҷалб мешаванд. Ҳоло 40 табибу парастор ба гуруҳҳо тақсим ва ба деҳаҳо сафарбар шудаанд. Мо ба ҳар хона даромада, муайян мекунем, ки чанд тонна пору доранд ва оё соҳибхона мехоҳад онро фурӯшад ё не. Агар ӯ розӣ шавад, мо онро дар дафтар қайд мекунем ва ба кишоварзон мерасонем, то бихаранд", - афзуд вай.

Ба гуфтаи табибон, бештари сокинон намехоҳанд, поруро фурӯшанд. "Зеро дар деҳот газ нест ва мушкили барқ низ доранд. Мардум поруро тапак карда, ба ҷои сӯзишворӣ дар омода намуданиғизо ва гарм кардани хонаҳо истифода мебаранд. Ҳар вақт онҳо поруро нафурӯшанд, мо талаб мекунем, ки барои давлат 1-2 халта диҳанд", - изҳор дошт парастор.

Мусурмон Эшонқулов, муовини сардухтури МДНСЭ Шурчи тасдиқ кард, ки кормандони ин ниҳод барои ҷамъоварии пору ба деҳот сафарбар шудаанд.

"Пору ин масъалаи ҷумҳуриявӣ аст. Бо ин роҳ мо ба кишоварзон кумак мерасонем, то захира кунанд. Кормандони мо хона ба хона мегарданд, то вазъи тозагию санитариро назорат кунанд. Онҳо ба сокинон мефаҳмонанд, ки пору ё партовҳоро дар хонаҳо нигаҳ надоранд", - гуфт Эшонқулов.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG