Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Маҷористон, дар пасманзари нигарониҳо аз ваҳдати Аврупо


Маҷористон. Марде аз паҳлӯи тоблуи бузурги Владимир Путин, ки дар он "Ташаккур ба Русия навишта шудааст", убур мекунад. 2 феврали соли 2017
Маҷористон. Марде аз паҳлӯи тоблуи бузурги Владимир Путин, ки дар он "Ташаккур ба Русия навишта шудааст", убур мекунад. 2 феврали соли 2017

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, барои бори дувум дар ду соли ахир, рӯзи 2 феврал вориди Маҷористон шуд. Мулоқоти раҳбари Русия бо нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан дар дар ҳоле сурат мегирад, ки нигарлниҳои дохили Аврупо аз мавқеи танқидии раҳбари нави ИМА Доналд Трамп ба ин блок ва хоҳиши ӯ барои бунёди равобити беҳтар бо Русия, бештар мешаванд.

Сафари Путин баҳси мавзӯъҳои иқтисодӣ, бо шумули тарҳи зиддунақизи нерӯгоҳи ҳастаии Пакш, ки Русия паймонкораш аст ва созиши харидории гази табииро фаро мегирад.

Аз замони ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014 ва таҳримҳои Аврупо алайҳи Русия, Путин дар ин қора меҳмони дилписанд нест. Таҳлилгарон ин сафарро ҳамчун имконе мебинанд, ки Путин бо истифода аз он Маҷористонро ба талошҳои бештари лағви таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Маскав ташвиқ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG