Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари бераводиди гурҷиҳо ба қаламрави Шенген тасдиқ шуд


Белгия. Нахуствазири Гурҷистон Гиорги Кривикашвили дар нишасти Иттиҳоди Аврупо. 2 декабри соли 2016.

Порлумони Аврупо барои сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Гурҷистон ба қаламрави Шенген овоз дод. Дар ҷараёни баҳсҳо аксари намояндагони порлумон аз ин қарор пуштибонӣ карданд. Аммо баъзеи онҳо, аз ҷумла депутатҳо аз Ҳолланд ва Бритониё ин тасмимро бармаҳал донистанд.

Қаблан узви порлумони Аврупо, гузоришгари умури Гурҷистон, Мария Габриэл гуфт, ки бинобар баъзе мушкилоти фаннӣ сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Гурҷистон ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз охири моҳи март оғоз мешавад.

Дар нишасти порлумони Аврупо, ки шабакаҳои телевизионии Гурҷистон онро мустақим пахш карданд, гуфта шуд, ки дар сурати ошкор шудани ягон нақз Иттиҳоди Аврупо механизми манъи ҳаракати бераводидро ба кор медарорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG