Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хато ё камбуди пул? Санҷиши роҳи Душанбе-Хуҷанд баъди тармафароии маргбор


Дар пайи фаромадани тарма ва ҳалокати 6 нафар дар қитъаи роҳи Душанбе-Чаноқ дар мавзеи Ҳушёрӣ як комиссияи вижаи ҳукуматӣ ошкор кардааст, ки галерея ё айвонҳои муҳофизатӣ дар ин қитъаи роҳ аз нақшаи пешбинишуда кӯтоҳтар сохта шудаанд. Ҳайати ин комиссия ҳоло мавзеъҳои лағжиши тармаро омӯхта, зарурати дар кадом маконҳо бунёд кардани айвонҳои муҳофизатии иловагиро баррасӣ мекунад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин аз сӯи боз ҳам ширкати чинии “Корпоратсияи сохтмони роҳу купрӯкҳои Чин” ваё «China road» бунёд шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 фоиз баҳраи солона барои 20 сол аз Чин гирифтааст ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Одилҷон Холдоров, раиси Пажӯҳишгоҳи роҳу нақлиёти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 1 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз оғози сохтмони роҳи Душанбе – Чаноқ аз сӯи ширкати чинии “China road”, муттахассиони ин пажӯҳишгоҳ маконҳои фурӯрезии тармаро дар ин роҳ муайян карда, харитаи онро ба дасти чиниҳо супурда буданд.

Ӯ гуфт, “вақте чиниҳо сохтмонро шурӯъ карданд, мо ҳамаи маводро пешниҳод кардем. Эҳтимол маблағ барои сохтмони ҳамин галереяҳо нарасид ва онҳо маконҳои аз ҳама муҳимро интихоб карда, дар он ҷойҳо галерея сохтаанд”. Холдоров афзуд, комиссияи ҳукуматӣ масъалаи дар куҷо бунёд кардани галереяҳои иловагиро баррасӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкати IRS, ки аз соли 2009 масъулияти нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии пулро дар ин роҳ бар ӯҳда дорад, гуфтанд, масъулияти сохтмони галереяҳои муҳоҷизатии иловагӣ ба дӯши онҳо нест.

Далери Абдулло, раҳбари хадамоти матбуоти ширкати IRS, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, “дар мавсими имсола дар ҷойҳое тарма фаромад, ки тибқи лоиҳа дар он ҷойҳо фаромадани он ғайриимкон дониста мешуд. Агар ниятҳо барои сохтмони галереяҳои иловагӣ бошад, ин салоҳияти Вазорати нақлиёт аст, на ширкат ва ин ниҳод метавонад дар ин ҷо галереяҳои иловагӣ созад”.

Як манбаи Радиои Озодӣ, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, тафтишоти пешакии комиссияи ҳукуматӣ, ки пас аз марги 8 нафар дар пайи фаромадани тарма ташкил шудааст, муайян кард, ки ширкати чинӣ галереяҳоро тибқи нақша бо дарозии муайяншуда насохтааст. Ширкати чинии “China road”, ки масъулияти сохтмони ин роҳро бар ӯҳда дошт то замони омода шудани матлаб ба суолҳои Радиои Озодӣ дар робита ба камбуди галереяҳо дар ин масир посух надод.

Аз ҷумла, феълан имкони тасдиқи иддаои мақомоти тоҷик вуҷуд надорад, ки то куҷо эҳтимоли бо шумори маҳдуд бунёд шудани айвонҳои муҳофизатии зидди тарма дуруст аст? Дар сурати расидани посухи ҷониби ширкати чинӣ дар ҳамин ҷо нашр мешавад.

Шоҳроҳи Душанбе–Бӯстон-Чаноқ 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, поён меёбад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин аз сӯи боз ҳам ширкати чиноии “Корпоратсияи сохтмони роҳу купрӯкҳои Чин” ваё «China road» бунёд шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 фоиз баҳраи солона барои 20 сол аз Чин гирифтааст ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад. Аммо баҳори соли 2010 убуру мурур аз роҳи Душанбе–Бӯстон-Чаноқ пас аз баррасиҳо дар порлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.

Масъулияти ҷамъоварии пул аз роҳ ба ширкати офшории IRS вогузор шуд. Ҳоло дар ин масир 7 плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ вуҷуд доранд. Мошинҳои сабукрав дар сурати пурра тай кардани ин масир дар маҷмӯъ 58 сомонӣ ва мошинҳои гаронҳаҷми боркашон ҳудуди 690 сомонӣ бояд пардохт кунанд.

XS
SM
MD
LG