Украина гуфт, ки як сарбозаш дар ҷангҳои шарқи ин кишвар, ки давоми чор рӯзи охир маҳалли рӯёрӯиҳои мусаллаҳонаи ҷудоихоҳони рӯ ба Русия ва нирӯҳои ҳукуматӣ шудааст, аз даст дод. Артиши Украина рӯзи 1 феврал гуфт, ки дар 24 соати гузашта 9 низомӣ ва як мулкӣ маҷрӯҳ шудаанд. Дар рӯзҳои гузашта мақомоти украинӣ дар бораи кушта шудани 7 сарбози артиш хабар доданд, ин мизони баландтарини қурбониҳои артиши Украина дар ҳафтаҳои охир будааст. Ҳарду ҷониби вориди даргирӣ дар атрофи шаҳраки Авдеевка қарор доранд. Як мақоми сохторҳои изтирорӣ гуфт, ки аз манотиқи наздик ба ҷангҳо 175 нафар, аз ҷумла 88 кӯдак ба макони амн интиқол дода шуданд. Дар натиҷаи ҷангҳо, дар авҷи сардиҳои зимистон нирӯи барқ ва таъмини об қатъ шудааст.