Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати ҳукумати Афғонистон бар қаламрави кишвар коҳиш ёфтааст


Афғонистон. Беш аз ҳазор сарбоз аз тамрини ҳарбӣ гузаштанд. 22 январи соли 2017.
Афғонистон. Беш аз ҳазор сарбоз аз тамрини ҳарбӣ гузаштанд. 22 январи соли 2017.

Аз замони ба даст гирифтани масъулияти амнияти Афғонистон аз НАТО, охирҳои соли 2014, нерӯҳои Афғонистон мавқеи худро дар саросари кишвар ба шӯришгарон бой додаанд. "Дар миёнаҳои моҳи ноябр ҳукумат 57,2 дар сади кишварро таҳти назорат дошт, ки ин дар муқоиса бо моҳи август 6,2 дар сад ва дар муқоиса бо соли гузашта 15 дар сад коҳиш ёфтааст", - омадааст дар гузориши Бозраси Кулл дар умури Бозсохти Афғонистон.

Ҳоло аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ё 9,2 миллион нафар дар минтақаҳои гирифтори рақобат зиндагӣ мекунанд. Ҳудудан 2,5 миллион инсон дар манотиқи таҳти нуфӯзи шӯришгарон ба сар мебиранд. Се моҳ пеш ин рақам наздик ба се миллион буд.

Маълум нест, ки чаро теъдоди аҳолии минтақаҳои таҳти назорати Толибон коҳиш ёфтааст. Яке аз сабабҳо метавонад фирори мардум аз даргириҳо бошад.

Биноба ҳисобҳои Созмони Милали Муттаҳид, наздик ба 640 ҳазор нафар дар соли 2016 аз макони зисти худ фирор карданд.

Биноба гузориши Бозраси Кулл дар умури Бозсохти Афғонистон хисороти ҷонии нерӯҳои давлати ба 35 дар сад расида, ин натиҷаро ба бор овардааст, ки ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои амниятии он ба кӯмак ниёз доранд ва бақои онҳо бе кӯмаки донорҳо зери суол меравад.

XS
SM
MD
LG