Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон мехоҳад, барои рушди соҳили Арал миллиардҳо $ сарф кунад


Ҳукумати Узбакистон тасмим дорад, тайи 5 сол барои рушди минтақаи соҳили Арал, ки бо мушкили шадиди экологӣ рӯбарӯст, 2,6 миллиард доллари ИМА ҷудо кунад. Ин иқдом дар фармони президент Шавкат Мирзиёев дар бораи ташкили барномаи давлатии рушди минтақаи соҳили Арал барои солҳои 2017-2020, ки 30 январ ба иҷро даромад, пешбинӣ шудааст.

Маблағи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, аз ҷумла эҷоди ҷойҳои корӣ, бунёди манзилҳои нав, обу корез, беҳтар намудани хидмати тиббӣ, ироаи қарзҳои хурд ва афзоиши пардохтҳои иҷтимоии сокинони маҳаллӣ равона хоҳад шуд.

Баҳри Арал - чаҳорумин кӯли калонтарин дар ҷаҳон аз соли 1960 ба ин сӯ то 90% хурд шудааст. Зеро оби рудхонаҳои Амударё ва Сирдарё ба лоиҳаҳои обёрии шӯравӣ сарф гаштаанд.

Ин ҷараён вазъи бади экологиро дар минтақа, ки вилояти худмухтори Қароқалпоқистон ва Қазоқистон дар он ҷойгиранд, ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG