Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳои ИМА "ёддошти норозигӣ" аз фармонҳои Трампро омода доранд


Фармонҳои ахири президент Доналд Трамп, ки вуруди шаҳрвандони 7 кишвари мусулмоннишинро ба ИМА маҳдуд мекунанд, миёни кормандони маъмурияти худи ӯ низ нофаҳмиҳоеро ба бор овардааст.

Ба иттилои нашрияи "Ню-Йорк таймс", бюрократҳо талош доранд, то фармонҳоеро, ки баъди ба имзо расиданашон огаҳ шудаанд, иҷро кунанд. Низомиён нигаронанд, ки ба муносибат бо шарикон дар минтақаҳои даргири Ироқ халал ворид мешавад ва дипломатҳо мегӯянд, фармонҳои ахири Трамп ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми хубе надоранд.

Нашрия менависад, ки дар долонҳои Департаменти давлатии ИМА "ҳиссиёти мухолиф" чарх мезанад. Дипломатҳо ҳушдор медиҳанд, ки бастани марзҳо ба рӯи 200 миллион шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади пешгирӣ аз вуруди "террористҳои эҳтимолӣ" амниятро таъмин намекунад, балки эҳтимоли таҳдидҳоро боло мебарад.

Нашрия мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар Департаменти давлатӣ ёддошти изҳори "назари шахсӣ" омода мешавад. Зери он аллакай беш аз сад нафар имзо гузоштаанд, ки барои ин гуна ташаббусҳо зиёд аст. Вале таҳрири мазмуни он ҳанӯз идома дорад.

Масъулoни Департаменти давлатии ИМА рӯзи душанбе мавҷудияти чунин ёддошт ва ҳаққи кормандонашонро барои изҳори норозигӣ тасдиқ карданд. Дар гузашта низ ин гуна таҷриба вуҷуд дошта, тобистони гузашта 51 корманди департамент зери номаи "назари шахсӣ" роҷеъ ба сиёсати пешгирифтаи Барак Обама, президенти пешини ИМА имзо гузошта буданд. Нома он замон ба дасти Ҷон Керри, котиби давлатии вақти ИМА супурда шуд.

XS
SM
MD
LG