Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзи Наврӯз-2017 тасдиқ шуд


Рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз -2017 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба тамоми ниҳодҳои кишвар дастур дода шудааст, ки дар ҷараёни барпо кардани ҷашнҳои наврӯзӣ, аз ин рамз истифода баранд. Тантанаҳои аслии наврӯзӣ имсол дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешаванд.

Дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳам Наврӯз баъд аз касби истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми муносиби худро ба даст овард ва аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид. Ҳамакнун барои таҷлил аз ин ҷашни суннатӣ дар тақвими Тоҷикистон чаҳор рӯз расман истироҳат эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG