Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар иҷлосияи ММ додситони кулл гузориш медиҳад


Масъулони Маҷлиси Миллӣ мегӯянд, ки барномаи иҷлосияи нӯҳуми палатаи болоии парлумон, ки рӯзи 16 феврал баргузор мешавад, расман тасдиқ нашудааст, аммо дар назар аст Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар робита ба риояи қонун ва тартибот дар соли 2016, ҳисобот диҳад.

Мавлуда Шоева, як масъули ММ рӯзи 30 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар иҷлосия як қатор қонунҳое, ки аз ҷониби МН, палатаи поёнии порлумон қабул шудаанд ва қарорҳои ҳукумат, аз ҷумла дар робита ба пешниҳоди ҳукумат барои табдили номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин, баррасӣ ва ба эҳтимоли зиёд қабул мегарданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин иҷлосия масъалаи кадрҳо низ баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG