Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди ду раҳбар ба аҳамияти НАТО барои амният


Нерӯҳои амрикоӣ дар Лаҳистон. Онҳо рӯзи 18-уми январ ба инҷо ворид шуданд ва барои тақвияти муҳофизати ин кишвар.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Доналд Трамп зимни нахустин сӯҳбати телефонӣ пас аз шуруи кори раиси ҷумҳури Амрико ба аҳамияти паймони НАТО барои амнияти ҷаҳонӣ таъкид кардаанд.

Дар баёнияи Кохи Сафед аз рӯзи 28-уми январ омадааст, ду тараф ба ин андешаанд, ки “паймони НАТО барои муносибатҳои байни атлантикӣ ва таъмини амният дар Шимоли Атлантик аҳамияти бунёдӣ дорад.” Ба гуфтаи Кохи Сафед, раҳбарон “тасдиқ карданд, ки НАТО бояд қодир ба муқобила бо хатароти асри 21 бошад ва муҳофизати муштараки мо ... сармояи муносиб мехоҳад ва ҳамаи муттаҳидон бояд барои амнияти муштарак саҳми одилонаи худро бигузоранд.”

Доналд Трамп дар замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, НАТО “аз кор афтода” номид, чун ба гуфтаи ӯ барои мубориза бо терроризм ба қадри кофӣ кӯшиш накардааст ва ҳам ба гуфтаи вай, бисёре аз аъзои аврупоии НАТО пули муносиб барои ин созмон харҷ намекунанд. Ин баёнияҳо муттаҳидони аврупоии Амрикоро нигарон кард.

Дар гуфтӯгуи Доналд Трамп ва Ангела Меркел ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва хотима додан ба муноқишаҳо дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо баррасӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG