Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Саудӣ парвандаи ҳалокати 111 зоирро лағв кард


Арабистони Саудӣ. Кормандони Идораи ҳолатҳои изтирорӣ аз канори ҷасадҳои зоирони ҳалокшуда мегузаранд. Сентябри соли 2015.
Арабистони Саудӣ. Кормандони Идораи ҳолатҳои изтирорӣ аз канори ҷасадҳои зоирони ҳалокшуда мегузаранд. Сентябри соли 2015.

Додгоҳи Арабистони Саудӣ парвандаи 13 нафарро, ки дар заминаи садамаи кран дар Макка ва ҳалокати 111 зоир муттаҳам мешуданд, лағв кард. Додгоҳи ҷиноии Макка рӯзи 26 январ гуфт, аз рӯи ин қазия, ки моҳи августи соли гузашта боз шуда буд, ҳеҷ далел пайдо накарданд. Дар натиҷаи сарозер шудани кран дар Макка, як рӯз қабл аз шурӯи Ҳаҷ ва фирори бенизоми зоирони ваҳшатзада, садҳо нафар захмӣ шуд.

Ба навиштаи нашрияи давлатӣ, 6 шаҳрванди Саудӣ, бо шумули як миллиардер, ду покистонӣ, як урдунӣ як шаҳрванди Канада ва се шаҳрванди Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Филлипин дар ростои додгоҳ қарор гирифтанд, вале исми онҳо эълон нашуд. Инҳо эҳтимол кормандони ширкати сохтмонии Бин Лодини Саудӣ буданд, ки онро 80 сол пеш падари раҳбари кушташудаи Ал-Қоида Усома бин Лодин таъсис дода буд.

Кране, ки беш аз 1 тонна вазн дошт, ба боди шадид тоб наовард ва ба рӯи масҷиди ҷомеъ чаппа шуд. Фоҷиаи 11 сентябри 2015 яке аз ду ҳодисаест, ки ҳаҷҷи онсоларо тира кард. Талотуми зоирон дар 24 сентябри ҳамон сол беш аз 2 400 нафарро кушта бар ҷо гузошт.

XS
SM
MD
LG