Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 200 миллион сомонӣ камтар аст. Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, рӯзи 27 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин маблағ тибқи нақша ва ниёзҳои сохтмони нерӯгоҳ ҷудо шудааст."
Ҳамзамон, ӯ хабари таъхир дар пардохти музди меҳнати коргарони нерӯгоҳи Роғунро тасдиқ кард. Каримзода гуфт, пардохти маблағҳо дар ин замина аз ҷониби буҷаи давлатӣ пурра иҷро шуда ва мумкин аст мушкили сари вақт пардохт нашудани маош ба муносибатҳои дуҷонибаи корфармо ва коргарон марбут бошад. Зимнан, тибқи гузоришҳои ғайрирасмӣ, коргарони нерӯгоҳи Роғун ба муддати 4 моҳи ахир, яъне, пас аз ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими бастани пеши дарёи Вахш дар охирҳои моҳи октябри соли гузашта музди кори худро дарёфт накардаанд.
Рӯзи 29 октябри соли гузашта пеши дарёи Вахш баста шуд ва бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии Роғун оғоз гардид. Тоҷикистон соли 2016 бо ширкати итолиёии "Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) қарордоди чандмиллиардолларии бунёди Роғунро имзо кард ва ҳамин ширкат бунёди садди обанбори нерӯгоҳро бар ӯҳда гирифтааст.
Нерӯгоҳи Роғун аз шаш агрегат иборат буда, дар сурати пурра ба кор даромаданаш то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои интиқол ба минтақаҳое дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Бар асоси нақша, чархаи аввал ва дувуми нерӯгоҳи Роғун дар солҳои 2018 ва 2019 фаъол шуда, чархаҳои дигар марҳила ба марҳила ба кор андохта мешаванд.