Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармони Трамп барои азсаргирии бунёди лӯлаҳои нафт


Доналд Трамп, президенти Амрико дар ҷаласаи раҳбарони саноати мошинсозӣ дар Кохи Сафед
Доналд Трамп, президенти Амрико дар ҷаласаи раҳбарони саноати мошинсозӣ дар Кохи Сафед

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп, рӯзи 24 январ барои азсаргирии сохтмони лӯлаҳои нафти Dakota Access ва Keystone XL фармон содир кард. Президенти собиқ Барак Обама бунёди лӯлаҳоро бинобар эътирози ҳомиёни муҳити зист ва мардуми бумӣ қатъ карда буд.

Сохтори лӯлаи нафти Dakota Access Pipline бо харҷи 3,8 миллиард доллар бунёд мешавад ва нафти аёлати Дакотаи Шимолӣ тавассути ин лӯла ба Иллинойс интиқол меёбад. Мухолифони сохтмон мегӯянд, ки лӯлаи нафт дастрасии қабилаҳои бумӣ (индейцы) ва мардумеро, ки дар поёноби рӯдхонаи Миссурӣ зиндагӣ мекунанд мушкил мекунад ва маконҳои муқаддаси онҳро аз байн мебарад.

Дар яке аз қисмоҳи сохтмони лӯлаи нафт вақтҳои ахир намоишҳои эътирозӣ ҷараён гирифтанд. Пулис борҳо иштирокдорони ин намишҳоро боздошт кард. Авоили моҳи декабри соли 2016 ҳукумати Амрико эълон кард, ки аз масири тасдиқшудаи лӯлаи нафт даст мекашад ва роҳҳои алтернативиро ҷустуҷӯ мекунад.

Рӯзи 24 январ президент Доналд Трамп гуфт, ки "Сар аз ҳоло мо ба бунёди лӯлаҳои нафт дар Ийолоти Муттаҳида шурӯъ мекунам".

XS
SM
MD
LG