Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои ҳавзаи Уёнуси Ором Чинро ба узвият мехонанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Австралия ва давлатҳои дигари ҳавзаи Уқёнуси Ором мегӯянд, ки онҳо барои ҳифзи Созишномаи тиҷорати озоди фароуқёнусӣ, ки ахиран Амрико аз он берун шуд, талош мекунанд ва эҳтимолан ҷойи холишудаи ИМА-ро Чин пур хоҳад кард.

"Ҷойи шубҳа нест, ки аз даст додани Амрико...бохти бузург аст"- гуфт Малколм Тернбулл, нахуствазири Австралия ба хабарнигорон, рӯзи 24 январ дар Канберра. "Аммо мо канор намеравем, Чин барои пайвастан бо мо имконоти зиёд дорад".

Тернбулл гуфт, ки ӯ мехоҳад ҳаракатро дар самти рушди бозори боз ва тиҷорати озод ҳифз кунад. "Ҳимоят аз тавлидот зинае нест, ки шуморо аз доми рушди кунд берун бикашад, балки ин беле аст, ки онро амиқтар мекунад"- гуфт нахуствазири Австралия.

Рӯзи 23 январ, президент Трамп Амрикоро аз созишномаи 12 кишвари ҳавзаи Уқёнуси Ором дар заминаи тиҷорати озод, ки Барак Обама имзо карда буд, берун овард. Трамп гуфт, ки ИМА, коргарон ва бизнес аз ин қарордод фоида намебинад.

Барак Обама ҳадаф дошт, ки бо созишномаи фароуқёнусӣ нақши пешбарандаи иқтисоди Амрикоро дар минтақае, ки таҳти султаи тииҷорати Чин қарор дорад, таъмин кунад. Чин ба ин созишнома шомил набуд.

Хуруҷи ИМА аз созишномаи тиҷорати озод бо кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором на танҳо роҳи Чинро барои ҳамроҳ шудан ба он боз мекунад, балки таъсири ин кишварро барои муайян кардани шартҳои тиҷоратӣ дар ин минтақа, ки 40 дар сади тамоми тиҷорати ҷаҳонро ташкил медиҳад, афзоиш хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG