Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корномаи Абдумаҷид Ҳакимзода


Сухангӯи нави шаҳрдории Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода 60 сол дошта, хатмкардаи факултети забонҳои шарқи донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар ҷумҳурии исломии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Фаъолияти журналистиро соли 1982 ба ҳайси муҳаррири сардирексияи барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда дар мақоми муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1996 то 2004 сармутахассис ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон буд. Солҳои 2004-2006 дар вазифаи сармуҳаррири идораҳои иттилотӣ, сиёсӣ ва муовини директори Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Дар солҳои 2006 то 2008 дар мақомҳои муовини директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва аз ноябри соли 2008-ум директори Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” кор кардааст.

XS
SM
MD
LG