Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба низоми нави нафақа гузашт


Тоҷикистон аз соли нави 2017 комилан ба низоми нави нафақа гузашт. Назокат Одиназода – ноиби раиси Оҷонсии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ – рӯзи 16 январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “имсол нафақа танҳо тибқи қонун дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ пардохт мегардад”. Яъне, ба гуфтаи ӯ, агар то ин дам дар ҷумҳурӣ ҳадди ниҳоии нафақа вуҷуд дошт ва 748 сомониро ташкил медод, ҳоло ин ҳадд аз байн рафт. Ба қавли Одиназода, ҳаққи бознишастагии сокинон тибқи маблағи аз маош андӯхта дар давоми фаъолияташон пардохт мешавад. Вай афзуд, қонуни нафақаи суғуртавӣ дар асл соли 2013 қабул шуда буд, вале имсол ба пуррагӣ ба иҷро даромад. Қонуни пешинаи нафақа қувваи ҳуқуқии худро гум кардааст.

XS
SM
MD
LG