Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили 9 нафар дар Амрико ба марг маҳкум шуд


Дайлан Руф
Дайлан Руф

Дайлан Руф, қотили 9 нафар дар шаҳри Чарлстони Ийолоти Муттаҳида ба марг маҳкум шуд. Ҳайъати мунсифа дар додгоҳ ӯро гунаҳкор эълон кард.

17 июни соли 2015 Дайлан Руф ба бинои калисои африқоӣ ворид шуд ва ба сӯи иштирокдорони тамрини мазҳабӣ аз силоҳ оташ кушод.

Руф баъдан эътироф кард, ки мехост низои қавмӣ эҷод кунад.

Ӯ дар додгоҳ аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ накард.

Айбдоркунанда пофишорӣ кард, ки ҷиноят бо ангезаҳои қавмӣ содир шудааст.

XS
SM
MD
LG