Шумори қурбониҳои таркиши Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон ба 56 нафар расид.
Дар ин ҳодиса панҷ дипломати Имороти Муттаҳидаи Араб низ қурбон шуданд.
Теъдоди захмиҳо наздик ба сад нафар гуфта мешавад. Дар таркиш сафири Афғонистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва волии вилояти Қандаҳор низ маҷрӯҳ шуданд.
Дар робита ба ҳалокати дипломатҳо дар Имороти Муттаҳидаи Араб мотами серӯза эълон шуд.
Таркиш рӯзи 10 январ дар назди меҳмонсарои волии вилоят, ки дар он ҷаласае бо иштироки сафирони хориҷӣ ва мақомоти баландпояи маҳаллӣ ҷараён дошт, ба вуқӯъ пайваст.
Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.