Мақомоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳукумати кишвар дар соли ҷорӣ барои харидани доруи инсулин 3 миллион сомонӣ ихтисос додааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта барои хариди ин навъи дору маблағ ҷудо нашуда буд.
Дар авоили моҳи августи соли гузашта мақомоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта буданд, ки захираи доруи инсулин дар анборҳои вазоратхона, ки ба беморони гирифтори диабети қанд бепул тақсим мешуд, ба поён расидааст.
Ин ҳол аз сабабе ба миён омад, ки ҳангоми таҳияи буҷаи соли 2016 барои харид ва тақсими ройгони инсулин дар байни гирифторони диабети қанд маблағи кофӣ ҷудо нашуд ва созмонҳои байналмилалӣ низ барномаи ироаи ройгони ин навъи доруро ба Тоҷикистон қатъ кардаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ он замон гуфт, захираи инсулини ройгон барои калонсолон тамом шуда, барои кӯдакони мубталои дибети қанд то анҷоми моҳи август кифоят мекунад.
Тайи 10 соли охир инсулини ройгонро ба Тоҷикистон созмони байналмилалии HOPE тақдим мекард. Аммо барномаҳои ин созмон марбут ба бемории қанд дар соли 2016 ба анҷом расидаанд ва HOPE дар Тоҷикистон ҳамакнун ба беморони сил бештар кӯмак мекунад.
Шумораи гирифторон ба бемории қанд дар Тоҷикистон 34 ҳазор нафар гуфта мешавад. Аз 34 ҳазор нафаре, ки аз бемории диабети қанд ранҷ мебаранд, беш аз 3 ҳазор аз оилаҳое ҳастанд, ки расман аз ҷониби мақомот камбизоат эътироф шуда ва тавони хариди инсулинро надоранд. Қиммати як зарфи шишагӣ (флакон) доруи инсулин дар дорухонаҳои кишвар аз 120 то 180 сомонӣ аст.