Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги даҳҳо нафар бар асари таркишҳои Кобул. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки таркиши ду бомба дар наздикии бинои порлумон дар Кобул 38 кушта бар ҷо гузошт. Дар ин таркишҳо, ки рӯзи 10 январ сурат гирифт, беш аз 72 нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо дафъатан ҷунбиши Толибон бо пахши як изҳорот бар дӯш гирифт.

Ба гуфтаи мақомот, ҳадди ақалл яке аз таркишҳоро мошини ҳомили бомба ба вуҷуд овард. Як мақоми Афғонистон инфиҷорҳоро ҳамоҳангшуда унвон кард. Гуфта мешавад, ки таркиши аввал кормандони порлумонро ҳадаф қарор дод. Таркиши дувум дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки ходимони амният ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Аксари қурбониҳо шаҳрвандони мулкӣ ва кормандони порлумон буданд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Марги даҳҳо нафар бар асари таркишҳои Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

XS
SM
MD
LG