Мақомоти ҷумҳурии Чех як гумонбари ҳамла ба муфаттиши Доғистонро аз ин кишвар ба Русия истирдод карданд. Масъулони Вазорати умури дохилии Русия рӯзи 10 январ гуфтанд, ки Тағир Исрофилови 35-сола таҳти назорати кормандони Интерпол ё пулиси байналмилалӣ, ба Русия интиқол ёфт.
Ҷониби Русия иддао дорад, ки Исрофилов якҷоя бо ҷангиёни дигар дар куштори муфаттиши маҳаллии Доғистон дар соли 2010 ва ғорати хонаи ӯ даст дорад. Мақомоти Русия Исрофиловро соли 2011 ба рӯйхати Интерпол ворид карданд.
Тағир Исрофилов як муддат бо номи сохта дар Олмон зиндагӣ кард. Вале баъдан мақомоти он кишвар ӯро ба ҷумҳурии Чех истирдод карданд ва ӯ дар онҷо бо ҷурми тақаллуби аснод боздошт шуд.