Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси кибер-ҳамлаҳои Русия дар Кумитаи Сенати Амрико


Кумитаи Сенати Амрико дар умури нерӯҳои мусаллаҳ ҷаласаи дахолати эҳтимолии рахнагарони Русия ба ҷараёни интихоботи президентии Ийолоти Муттаҳидаро ба баррасӣ гирифт.

Дар оғози ҷаласа сенатор Ҷон Маккейн гуфт, ки Ийолоти Муттаҳида бояд ба фаъолияти президенти Русия Владимир Путин алайҳи Амрико, алайҳи ҳамсояҳои Русия, амалҳои душманона алайҳи Украина ва ишғоли Қрим посухи таъсирбахш диҳад.

У гуфт, душманони Амрико ба натиҷае расиданд, ки мукофоти ҳамлаҳои рахнагарона алайҳи кишвар риски онро тавҷеҳ мекунад. Маккейн аз Русия, Чин ва Кореяи Шимолӣ ҳамчун "душманон"-е ном бурд, ки бар зидди Амрико ҳамлаҳои рахнагарона анҷом медиҳанд. Сенатор Маккейн гуфт, ки Кумита моҳҳои наздик якчанд ҷаласаро дар мавзӯи амнияти киберии Амрико баргузор мекунад.

Сенатори демократ Ҷек Рид дар суханронии худ гуфт, ки ҳукумати Русия на танҳо дар шикастани почтаҳои электронии Ҳизби Демократ иштирок дошт, балки барои гумроҳ кардани мардуми Амрико ва халал ворид кардан ба равандҳои демократии Амрико хабарҳои бардурӯғ пахш кард.

Раҳбари истихбороти миллии Амрико Ҷеймс Клеппер ва дигар мақомоти баландпояи истихборот гуфтанд, ки Кремл дар фазои киберӣ хати таҳоҷумиро пеш гирифта, ташкилотҳои давлатӣ, марказҳои зеҳнӣ, созмонҳои сиёсӣ ва ширкатҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Клеппер гуфт, ки авоили ҳафтаи оянда, бар иловаи гузорише, ки президент мегирад, идораҳои истихборот гузориши дигареро омода мекунанд, ки ба он маълумоти сиррӣ ворид намешаванд, аммо ба сурати умум табиати таҳдидҳо ва мушкилотро боз мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG