Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cоли 2016 дар чаҳон 93 журналист кушта шуданд


Бино ба иттилои Федератсияи байналмилалии журналистон (IFJ), дар соли 2016 ҳадди ақал 93 хабарнигор ба асари ҳодисаҳои нохуш ба ҳангоми адои вазифаи касбӣ ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, журналистон дар ҷараёни амалҳои террористӣ ва тирандозӣ дар 23 кишвари ҷаҳон ба қатл расидаанд. Бештари журналистон дар се кишвари Ироқ 15 нафар, Афғонистон 13 нафар ва Мексика 11 нафар кушта шудаанд.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии журналистон, 29 журналистони бахши варзиш бар асари ду суқути ҳавопаймо дар Бразилия ва Русия ба ҳалокат расидаанд. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки мумкин аст теъдоди талафоти ҷонӣ миёни журналистон аз рақами 93 нафар бештар бошад. Аммо теъдоди воқеъӣ ва тасдиқи ҳалокати журналистони дигар ба дасти ин ниҳод нарасидааст.

XS
SM
MD
LG