Пайвандҳои дастрасӣ

Пулис тахрибгари арчаи солинавиро ҷустуҷӯ мекунад


Пулис дар ҷануби Қирғизистон афродеро ҷустуҷӯ мекунад, ки арчаи ороёфтаро дар остонаи Соли Нав хароб кардаанд.

Шахсони номаълум тиреза маркази фарҳангиро дар шаҳри Қадамҷо шикастанд, ки рамзи Соли Нав - арчаи солинавӣ дар он ҷо насб шуда буд.

Сокинони шаҳр мегӯянд, ки ҳамлагарон дарахтро ва шаш тиреза шикастанд ва арчаро ба рӯдхона партофтанд.

Ин ҳодиса 27 декабр рух дод.

Қирғизҳо ба монанди сокинони бисёр давлатҳои собиқ Шӯравӣ суннати таҷлили Соли Навро ҳифз кардаанд ва дар остонаи ин ҷашн дар фурӯшгоҳҳо, биноҳои давлатӣ, хонаҳояшон ва маъракаҳои умумӣ арчаро оро медиҳанд.

Аммо баъзе мақомоти маҳаллӣ ва сокинони Қирғизистон - кишваре, ки бахши умдаи мардумаш пайравони дини Ислом ҳастанд, ин идро қабул надоранд.

Раҳбари ноҳияи Узген, Атоқул Тоҷибоев гуфт, ки се соли ахир ноҳия аз оро додани арчаи солинавӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ ва баргузор кардани шабнишиниҳо даст кашидааст.

"Ин суннатро бар дӯши мо бор карда буданд"- мегӯяд ин мақоми маҳаллӣ.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG