Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сардии шадид ҳушдор дод


Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз 2 то 4 январ сардии ҳаворо дар кишвар пешбинӣ кардааст. Ин ниҳод бо нашри огоҳӣ аз сокинон хост, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои баландкӯҳ ва ҳаракат дар роҳҳо ҳушёр бошанд, чун боридани барфу яхбандиҳои шадид дар назар аст. "Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Ронандагонро лозим меояд, ки қоидаҳои ҳаракат ва суръати ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунанд", - таъкид шудааст дар огоҳӣ. Инчунин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хостааст, ки ҳангоми гарм кардани хонаҳо, бахусус баландошёнаҳо, қоидаҳои зидди сӯхторро риоя кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG