Худнависи дувуми ҳавопаймои ТУ-154, ки дар соҳилҳои Сочи суқут кард, ошкор ва аз об берун оварда шуд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба Вазорати дифои Русия гузориш дод. Аммо гуфта намешавад, ки ин худнавис дар кадом вазъият қарор дорад.
Вазорати дифоъ, инчунин, маълумотеро тасдиқ кард, ки 15 ҷасад ва 239 пораи ҷасадҳоро аз рӯи об берун оварданд. Барои шиносоӣ аз 105 нафар наздикони қурбониёни суқути ҳавопаймо намунаҳои биологӣ гирифта шуд.
Худнависи асосии ҳавопаймои ТУ-154-ро рӯзи гузашта аз қаъри об берун оварданд ва ба пажуҳишгоҳи нерӯҳои ҳавоии Русия интиқол доданд. Гуфта мешавад, маълумоте, ки то ҳол ба даст, омадааст фарзияи иштибоҳи сарнишинро тақвият медиҳад.
Ҳавопаймои ТУ-154 бо 92 нафар, асосан ҳунармандони дастаи Александров, низомиён ва хабарнигорон, аз Сочи ба Сурия парвоз мекард, вале дар соҳилҳои Сочи суқут кард. Дар ин ҳодиса раҳбари бунёди "Кумаки одилона", Елизавета Глинка ҳам қурбон шуд. Дар ҷойи ҳодиса даҳҳо киштиву ҳавопаймо кор мекунанд.