Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати 9 номзад барои президентӣ дар Туркманистон


Дар Туркманистон нуҳ номзад ба мақоми президентӣ расман вориди корзор шуданд. Рӯзи 12 феврал дар он кишвар интихобот баргузор мешавад. Ҳафтаи ҷорӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон ба ҳамаи онҳо санади номзадиро тақдим кард.

Президенти амалкунандаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз номзадҳои аслии сабқати курсии раёсати ҷумҳур арзёбӣ мешавад. Бердимуҳаммадов рӯзи 25 декабр барномаи интихоботиашро дар телевизион муаррифӣ кард ва гуфт, ки фурсати боқимондаи эфири телевизионро ба рақибонаш медиҳад.

XS
SM
MD
LG