Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия "Майдон"-и Украинаро "табаддулот" эътироф кард


Додгоҳе дар шаҳри Маскави Русия даъвои вакили пешини порлумони Украина Владимир Олейник дар бораи табаддулоти давлатӣ эътироф кардани ҳодисаҳои моҳи феврали соли 2014 дар ин кишварро қонеъ кард. Дар санади додгоҳ омадааст, ки табаддулоти давлатӣ будани ҳодисаҳои мазкур бо ҳуҷҷатҳо исбот шудааст.

Олейник мегӯяд, барканор кардани президенти амалкунандаи он замон ва интихоботи пеш аз муҳлати моҳи майи соли 2015 ғайриқонунӣ ҳастанд. Тибқи қарори додгоҳ, "дар натиҷаи кумаки якҷонибаи намояндагони кишварҳои ғарбӣ" дар Майдони Киев ҳодисаеҳо сар заданд, ки боиси "бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биноҳои маъмурӣ, куштори кормандони мақомоти қудратӣ, тағйири қонунҳо ва барканории президент Виктор Янукович шуданд."

Намояндагони расмии Русия борҳо ҳодисаҳои моҳи феврали соли 2014-ро дар Украина "табаддулот" номидаанд. Дар ҳамин ҳол, Москва натиҷаҳои интихоботи пеш аз муҳлат ва пирӯзии Петр Порошенкоро эътироф мекунад. Кишварҳои Ғарб ҳодисаҳои Украинаро табаддулоти давлатӣ намедонанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, Виктор Янукович салоҳиятҳои президентияшро канор гузошта, Киевро тарк кардааст. Баррасии даъвои Олейник 15 декабр шуруъ шуд ва дар ин муҳокимаҳо Виктор Янукович ба ҳайси шоҳид ширкат кард.

XS
SM
MD
LG