Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, агар Қонуни асосӣ (Конститутсия) иҷозат медод ва ӯ дар интихоботи президентӣ иштирок мекард, ҳатман бар номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп дастболо мешуд. Ба қавли Обама, Ҳиллари Клинтон маъракаро бисёр эҳтиёткорона пеш бурд, зеро бовар дошт, ки пирӯзӣ бе ин ҳам таъмин аст. "Бинобар ин, ӯ ба ҷойи тамаркуз ба ҳадафу барномаҳои худаш бештар ба танқиди рафтору изҳороти ҳарифаш бартарӣ дод", - гуфт Барак Обама.
Обама ҳамзамон аз Клинтон ситоиш кард ва гуфт, ӯ қурбонии ҳамлаҳои беасос шуд. "Мутаассифона, - афзуд Обама, - Клинтон натавонист эътилоферо, ки ду дафъа пирӯзии ӯро дар интихобот таъмин карда буд, тавре мебоист нигаҳ дорад."
Ситоди Ҳилларӣ Клинтон то ҳол ба изҳори назари Обама вокуниш накардааст. Аммо Доналд Трамп дар Твиттер навишт, "Обама бисёр иштибоҳ мекунад, ки метавонист дар шароити кам шудани шуғли мардум, норозигии онҳо аз ислоҳоти соҳаи беҳдошт ва рушди тундгароии исломӣ, пирӯз шавад."
Президенти мунтахаб Доналд Трамп моҳи январи соли оянда ба кор оғоз мекунад.