Додситони кулли Украина гуфт, ки собиқ ноиби раҳбари ширкати "Naftogaz" пеш аз он ки гурӯҳи тафтишотӣ ба манзили ӯ, воқеъ дар минтақаи Виннитсия, ворид шавад, худкушӣ кард. Додситони кулл Юрий Лутсенко рӯзи 21 декабр гуфт, Геннадий Юрьев, ки бо иттиҳоми дуздии моликият таҳти таҳқиқ қарор дошт, ба хотири ҷилавгирӣ аз боздошт даст ба худкушӣ задааст.
Генадий Юрьев аз соли 2010 то соли 2014, дар аҳди президент Виктор Янукович ноиби раҳбари ширкати "Naftogaz"-и Украина буд. Юрьев ва чанд мақоми дигари "Naftogaz" бо иттиҳоми сирқати 450 миллион доллар таҳти бозҷӯӣ қарор доранд. Натиҷаи колбадшикофӣ, ки худкуширо собит кунад, ҳанӯз эълон нашудааст.
Додситон Лутсенко гуфт, ки Геннадий Юрьев соли 2014, дар ҳоле ки тазоҳургарон Януковичро аз мақом барканор карданд, аз боздошт ращо шуд ва бо эълон марги тақаллубӣ ба таври пинҳонӣ дар минтақаи Виннитсия паноҳ бурд.